МУБОРИЗА ВА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

321

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Мубориза ва муқовимат бо коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд.

Бо ин мақсад имрӯз (13.12.2023) дар факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ ва химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодону кормандон ва донишҷуён бо намояндаи сохтори марбутаи ҷумҳурӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насриддинзода Қ. баргузор гардид. Зимнан таъкид шуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.