МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, УСТОДОНИ АЗИЗ!

573

Имрӯз (25.08.2022) дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад. Сарвари давлат аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору пешсафи ҷомеа, бояд минбаъд низ саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди ободонии Ватани азизамон ва боз ҳам пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат як гурӯҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд. Устодони зерини Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи гирандагони мукофотҳои давлатӣ буданд.

 – Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори ДМТ бо ордени Шараф дараҷаи II;

-Тоиров Урватулло – доктори илмҳои филологӣ, профессори факултети филологияи ДМТ бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон;

-Қаҳҳор Расулиён – профессори факултети таърих бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон;

-Ашмарина Людмила Владиславовна – муаллимаи факултети филологияи рус бо медали Хизмати шоиста;

-Қурбонализода Нурулло – декани факултети ҳуқуқшиносӣ, Икромзода Хайём Икром – мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи рус, Сайдализода Саидвалӣ Файзалӣ –дотсенти факултети тиббӣ ва Мустафоқулова Рухшона – корманди Институти илмии тадқиқотии ДМТ, Тахминаи Турахон – муаллимаи факултети фалсафа бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022;

 -Раҷабзода Сироҷиддин Икром – доктори илмҳои химия, профессор, директори Институти илмию тадқиқотии ДМТ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022.

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ тамоми устодонe кормандони донишгоҳро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ самимона табрик мегӯянд.