МУКОФОТПУЛИҲО АФЗУН ГАРДИДАНД

349

Иқдоми неке, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ амалӣ мешавад, қадршиносӣ, ҳавасмандгардонӣ ва супоридани мукофотпулӣ ба устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ аст. Ин амал дар оғози ҷаласаҳои васеи Шурои олимони донишгоҳ сурат гирифта, дастовардҳои илмию эҷодӣ ва муваффақиятҳои таълимию варзишӣ муаррифӣ мегардад. Бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ дар соли ҷорӣ мукофотпулиҳо ба миқдори муайян афзун гардонида шуда, ба нафарони фаъол имкониятҳои гуногун дода мешаванд.

Ин нукта имрӯз дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ иброз шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро назаррас ва боиси ифтихор унвон намуд.

Зимнан ба устодоне, ки дар самтҳои гуногун рисолаҳои илмӣ анҷом додаанд, дипломҳои номзадию докторӣ, ба дастаи донишҷӯён-ғолибони озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» ва роҳбари илмии онҳо ифтихорномаву мукофотпулӣ супориданд.

Ҳамзамон, муваффақияти зумрае аз омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар чорабиниҳои гуногуни илмию варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд, муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд.

Ректори донишгоҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои дастовардҳои илмию таълимияшон самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати ҳавасманд гардидани устодону кормандони фаъол тадбирҳои нав андешида мешавад.

Дастовардҳо муборак, устодону донишҷӯёни азиз!