МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ДМТ

92

Имрӯз (20.05.2024) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён бахшида ба ҳафтаи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Донишгоҳ ва клуби варзишии ДМТ мусобиқаҳои умумидонишгоҳӣ аз рӯйи намудҳои варзиши сабук, аз қабили давидан ба масофаи 100м, волейбол ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Самиев З. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ иштирок намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни донишҷӯёни Донишгоҳ мебошад. Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо дастаҳо аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ ташкил шуда, дар он ғолибон ҳавасманд гардонида шуданд.

ҲАМНИН ТАВР ДАР НАМУДИ ВАРЗИШИ ДАВИДАН 100 МЕТР:

Ҷойи якум: Муъминов Ф.- донишҷӯй курси 2-юми факултети тиббӣ;

Ҷойи дуюм: Сангинов Н. – донишҷӯй курси 2-юми факултети тиббӣ;

Ҷойи сеюм: Салоҳидинзода А.- донишҷӯй курси 3-юми факултети филология.

ДАР НАМУДИ ВАРЗИШИ ВОЛЕЙБОЛ:

Ҷойи якум – дастаи факултети тиббӣ;

Ҷойи дуюм – дастаи факултети геология;

Ҷойи сеюм – дастаи факултети фарматсевтӣ.

Ғолибият муборак!