Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва клуби варзишии ДМТ бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ мусобиқаи умумидонишгоҳӣ аз рӯйи намудҳои варзиши дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва кашидани турник баргузор гардид.
Дар мусбиқаи мазкур дастаҳои аз рӯйи чунин номинатсияҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:
– аз рӯйи намуди варзиши вазнбардорӣ:
Ҷойи якум- факултети физика, ҷойи дуюм – факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва ҷойи сеюм – факултети молиявию иқтисодӣ.
– аз рӯйи намуди варзиши турниккашӣ:
Ҷойи якум – факултети тиббӣ, ҷойи дуюм – факултети геология ва ҷойи сеюм – факултети физика.
– аз рӯйи намуди варзиши дастхобонӣ:
Ҷойи якум-факултети тиббӣ, ҷойи дуюм – факултети журналистика ва ҷойи сеюм – факултети фармасевтӣ.
Дастаҳои ғолиб бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба самти варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, донишҷӯёни он пайваста дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.