МУТОБИҚАТИ САТҲУ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

25

Ҷаҳони имрӯза пур аз тазод ва ниҳоят мураккаб аст. Бояд хуб омӯхту дар майдони мураккаб мубориза бурд. Танҳо донишҳои замонавӣ ва таҷрибаи пешрафта метавонад муаррифгар ва пояндасози дастоварҳои самтҳои мухталифи кишвар гардад.

Ин нукта зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ ироа гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид шуд, ки факултети муносибатҳои байналхалқӣ имконият дорад, дар самти баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ, иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, анҷоми корҳои илмии муштарак ва табодули устодону кормандон ба муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар, инчунин, навиштани мақолаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ корро ҷоннок намояд. Зеро дар факултет устодони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, ҳамкориҳои факултет дар самти грантҳои байналмилалӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин тадбирҳо ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мутобиқ намудани сатҳу сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, муаррифии бештари дастовардҳои илмии кишвар, инчунин, омода намудани мутаҳассисони соҳаи дипломатия дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид мегузорад.

Гуфта шуд, ки фаъолияти Шӯрои диссертатсионии назди факултет, ҷараёни маҳфилҳои инфиродии профессорон, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, иштироки фаъол дар ВАО, таҷдиди назар намудани саволномаҳои тестӣ, китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос бояд зери назорати ҷиддӣ гирифта шаванд.