Нақша ва қоидаҳои қабул ба докторантура PhD

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни қабул ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисосро барои соли таҳсили 2020-2021 аз рӯйи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

Номгўи ихтисосҳо

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ БА ДОКТОРАНТУРАИ Ph.D, ДОКТОР АЗ РӮЙИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ба докторантура-доктори фалсафа (Ph.D), доктор аз рӯйи ихтисос дар шакли таҳсили рӯзона довталабоне  қабул карда мешаванд:

  •   дараҷаи академии магистр доранд;
  •  яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғайра)-ро медонанд. Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ихтисос, ҳамчунин аз як забони хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд. 

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ,  шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври шартномавӣ қабул карда мешаванд.

Таҳсил дар докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад. Тартиби қабул ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ муайян карда мешавад.

Шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббии клиникӣ) доранд, танҳо баъди хатми магистратура ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос қабул карда мешаванд

Муддати таҳсил дар докторантурам Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол мебошад.

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:

  • ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет
  • (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);
  • нусхаи шиноснома;
  • анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
  • нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти  олӣ ва
  • баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ
  • карда шудааст (ҳангоми доштани  собиқаи корӣ);
  • сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,

  •  дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
  •  мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
  • рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар
  •  ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо
  •  тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
  •  асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар

    мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости

    муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

  • маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;
  •  6 расми андозаи 3х4
  • Ҳуҷҷатҳо  барои  дохилшавӣ ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос аз 1 июн то 31 июли соли 2019 қабул карда мешаванд.

Давраи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос аз 1 август то 15 августи  соли 2020 муайян гардидааст.

Маълумоти муфассал: Тел. 221-72-29