НАҚШИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

131

Таҳти ин унвон имрӯз (10.12.2021) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамоиши ҷавонони донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯёни гирандаи Стипентияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои олимони ҷавон, раисони созмони ҷавонони факултетҳо, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», муовинони деканҳо оид ба илм ва масъулини бахшҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, афзуд, ки ҳамасола дар моҳи декабр яке аз ҷашнҳои муҳимми байналмилалӣ таҷлил мегардад, яъне 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон аст. Ба ин муносибат низ кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик намуда, ба ҳамаи инсонҳо амалишавии бемайлони ҳуқуқу озодиҳоро таманно дорам.

Зимнан таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши имрӯзаи ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз муаррифӣ намудани дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ, пешрафт ва дурнамои самтҳои калидии донишгоҳ, таҳким бахшидани нақши ҷавонони донишгоҳ дар рушди босуботи мамлакат, омӯхтани мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармарди миллат ҳамчун меъмори давлати навини тоҷикон иборат мебошад.

«Яке аз дастовардҳои муҳимми ҷавонони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ аз он иборат аст, ки дар сиёсати давлатӣ ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳо ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби авзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд» – афзуд профессор Хушвахтзода Қ.Х..

Ректори донишгоҳ дар идомаи суханронӣ аз фаъолияти ҷавонон ва сохторҳои дахлдори донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи донишгоҳ бояд самаранок истифода намуда, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд ва барои муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талоши ҳамешагӣ дошта бошанд. Гуфта шуд, ки нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир зиёд аст.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

«Шумо-ҷавонони ДМТ, ки ҷузъи таркибии ҷавонони мамлакат ва ҷомеаи кишвар баҳисоб меравед, бояд дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакатро қадр намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором, сулҳу суботи сиёсӣ ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасед»- афзуд Ректори донишгоҳ. Дар охир Ректори донишгоҳ ҷиҳати пурсамар фаъолият намудани олимони ҷавон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён, фаъолияти доктарантони РhD, Шӯрои занон ва бонувон, инчунин, созмони ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён пешниҳодҳои судманд намуданд.

Баъдан дар идомаи ҳамоиш Сафарализода Х.Қ. – дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷангҳои иттилоотии замони муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дабирҷони Муҳаммад – докторанти PhD-и аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносӣ дар мавзӯи “Дарки омилҳои ватандӯстӣ – асоси пешгирии ҷавонон аз гурӯҳои ифротӣ”, Шоҳрух Забиров- донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи “Тамоюли ҷаҳонишавӣ ва таъсири он дар рушди шахсиятсозии ҷавонон” ва Гулафзо Пирова – магистранти курси якуми донишгоҳ дар мавзӯи “Нақши занон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ” суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, Гулафзо Пирова пас аз суханронӣ Муроҷиатномаи ҷавонони ДМТ-ро ироа намуд.

Ҳамоиши тарбиявӣ –сиёсӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва бо гирифтани акси хотиравӣ ба анҷом расид.