НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ДАР ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

832

Таҳти чунин унвон имрӯз (12.11.2021) ба ифтихори 29-умин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ғайбулло Авзалов, шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, мушовири калони Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шараф Аланазаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Мирзамонзода Х., устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни суханронии хеш иброз дошт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Ӯ афзуд, ки барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик нақши тақдирсоз бозидааст. “Бо ҳисси сарфарозиву ифтихор метавон гуфт, ки пас аз баргузории ин Иҷлосияи муҳимми таърихӣ халқи тоҷик бо ҳамдигар муттаҳид ва дар сарзамини тоҷикон сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо гардид”. Дар конференсия, инчунин, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ғайбулло Авзалов, суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 то инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16 ноябр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, ки мақсад аз таҷлили он арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдату ягонагӣ ва обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, созандагиву бунёдкорӣ ин ҳама самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ пешкаши тамошобинон гардид.