НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ

904

Ҳамасола 16 ноябр мардуми сарбаланди мамлакат “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ботантана ҷашн мегиранд. Дар асоси Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ пешниҳод гардида, 15 апрели соли 2016 онро Маҷлиси намояндагон қабул, 5 майи соли 2016 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва 14 майи соли 2016 ба имзо расидааст.

Тибқи қонуни мазкур ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати ҳафтоду якум илова карда шуда, 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардид.

Мақсади қабули ин қонун, аз эҳтироми хосса ва эътирофи пешвои давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми мамлакат, болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳамчунин дар ҳамин рӯз, яъне 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд кардаанд.

Ҳамзамон, дар соли 2016, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат» аз 25 декабри соли 2015 ба Қонуни конститутсионӣ табдил дода шуда, дар ҳамин сол Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Мутобиқи моддаи 64 Конститутсияи ҶТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) маҳсуб ёфта, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ботантана таҷлил кардани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳмияти муҳимми ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққиёти давлатдории навин, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо баромад мекунад.

Бинобар ин, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Ин абармарди миллати тоҷик дар таърихи навини Тоҷикистон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки ҷиҳати эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ хизматҳои пурарзиш кардаанд. Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти гузашта ва печ дар печи халқи тоҷик воқиф аст, хизматҳои созандаи Сарвари давлатро эҳсос менамояд ва симои таърихии Пешвои миллатро дарк мекунад.

Зеро барои тасвири шахсияте, ки халқи зиёда аз ҳазор сол пароканда ва аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи ҷаҳонӣ ворид намуд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дода, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат ва амният оварда, қудрат ва сиёсатро дар хидмати инсон гузошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд.

Маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Бешубҳа бояд баён дошт, ки дар таърихи навини давлатдории мо оғоз ёфтани боз як саҳифаи нав, яъне “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” собитгари ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан – Модар, иштироки фаъолу поквиҷдонона дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳар як инсон муттасил шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам овардан ва рушди бемайлони ҷомеа хоҳад буд.

Воқеан ҳам, таҷлили чунин як ҷашни пуршукӯҳ, пеш аз ҳама, аз таҳким ёфтани низоми сиёсӣ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеъаи Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат шаҳодат медиҳад.

Хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Нақши Президенти кишвари маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳёи тамаддун, илму фарҳанг ва мактабу маориф, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш, бунёди роҳу нақбҳо, берун баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, боло бурдани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат басо афзалиятнок аст. Ин ва садҳо далели дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бидуни шакку шубҳа Пешвои миллати тоҷикон мебошанд ва дар ин замина Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» низ, ки таҳти № 1356 аз 14 ноябри соли 2016 қабул гардидааст, ки иқдоми саривақтӣ буда, эътибори ҳуқуқии олиро касб менамояд ва боз ҳам қадрдонии бештари хизмату заҳматҳои беназири сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос менамояд.

Дастовардҳои беназире, ки дар се даҳсолаи охир барои давлатдорию давлатсозии миллӣ ба даст омадаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардида, маҳбубият пайдо намуданд. Аз ин рӯ, ба унвони Пешвои миллат ном бурдан ва ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифтан, барои Пешвои маззами миллати тоҷик ҳақиқатан арзанда ва шоиста аст.

Давлатзода Комрон Давлат, ёрдамчии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент