НАҚШИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО

11

Имрӯз (09.02.2026) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода, роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва наздик ба 50 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2025 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «соли сипаригардида бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию илмӣ, тарбиявию ташкилӣ ва хоҷагидорӣ ҳамчун муассисаи пешсафи кишвар соли ҳисоботиро бо дастовардҳои назаррас сипарӣ намуд.

Дар идома ректори Донишгоҳ ва намояндагони ВАО марбут ба самтҳои таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии Донишгоҳ суолу ҷавоб намуданд.

Дар идомаи нишаст ректори Донишгоҳ дар робита ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, тадбирҳои муассир баҳри ҷалби ҷавонон ба омӯзишу пажӯҳиш, тадбирҳо баҳри баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиии ҷавонон, рушди равобити байналмилалӣ ва ғайра суханронӣ намуд.

Дар зимн рӯзноманигорон доир ба низоми таҳсилот дар Донишгоҳ, иҷрои нақшаи қабул, ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин, татбиқи корҳои анҷомёфта дар робита ба гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ саволҳо дода, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Дар охир ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ муҳим мебошад.