Бо чунин унвон имрӯз (23.06. 2022) дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо ташаббуси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет семинари ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон ва кормандони сохторҳои гуногун баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани муқадимавии муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ н.и.ҳ., дотсент, Мирзозода П.З. оғоз ёфта, мавсуф сараввал ҳозиринро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки таҷаллии ормонҳои миллии ҳар фарди кишвар аст, табрику муборакбод намуда, сипас ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории семинари мазкур гузориш доданд.Сипас, аз рӯйи барномаи таҳиягардида, маърӯзаҳои устодони факултет, ки бештаран ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун бозёфти арзишмандтарин равона гардида буд, шунида шуданд.
Баромадкунандагон зимни баромад мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, дар хусуси мушкилот ва дурнамои он таклифу андешаҳои судманд баён намуданд.
Қайд гардид, ки Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.
Ин падидаҳои бемислу хуҷастаи замони Истиқлолият, ки ба ҳам тавъам мебошанд ва якдигарро пурра мекунанд, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшанд.
Ҳамин тариқ дар кори семинари илмии мазкур табодули афкори судманд миёни маърӯзачиён ва аҳли нишаст доир гашта, таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуд ва дар ниҳояти кор қатънома қабул гардид.
Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши илмӣ барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд.