НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД ДАР ДОНИШГОҲ

171

Имрӯз намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори минтақавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварданд.

Дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.

Сипас дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Таъкид шуд, ки семинар баҳри такмил додани донишҳои молиявии мутахассисон мусоидат менамояд.

Суханронии директори минтақавии Бонк дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ва намояндаи Бонк Майя Ҳеннкеркес самтҳои гуногуни фаъалияти молиявии Бонкро дар бар мегирифт. Дар зимн роҷеъ ба ҳамкорӣ ва мусоидати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар пешрафти самтҳои гуногуни минтақа, аз ҷумла иқтисоду иҷтимоиёт андешаҳои ҷолиб сурат гирифта, миёни меҳмонону донишҷӯён ҷиҳати ҳамкориҳои судманд, таъмини мутахассисон ба ҷойи кор, ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои байналмилалӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Ашуралиева Шахзода