НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ЧИН ИШТИРОК ДОРАНД

132

«Мубодилаи дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон дар заминаи ислоҳот ва рушди таҳсилоти олӣ»-таҳти ин мавзуъ дар Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доранд.

Зимни ҳамоиш оид ба бастани шартномаи ҳамкорӣ ва мубодилаи дарозмуддат, таҳқиқоти якҷояи илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос байни ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён ибрози андеша карда шуд.