
Намояндаи самти равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Боазиз Шоҳин дар Форуми ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС), ки аз 5 то 12 ноябри соли 2025 баргузор мегардад, иштирок дорад.
Форуми ҷавонони кишварҳои узви ШОС яке аз платформаҳои муҳими муошират ва ҳамкории байнимиллалӣ ба шумор рафта, ҳадафи он мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои ҷавонон ва тарғиби ғояҳои инноватсионӣ дар самтҳои иқтисод, фарҳанг, экология ва технология мебошад.
Иштироки намояндаи Донишгоҳи миллӣ дар ин форум бо мақсади муаррифии ҷавонони Тоҷикистон, ошно шудан бо таҷрибаи кишварҳои дигар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Дар доираи форум як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд, аз ҷумла конфронсҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои “Навовариҳои ҷавонон ва рушди устувор”, “ШОС – платформаи ҳамкории байналмилалӣ” ва “Нақши ҷавонон дар рушди иқтисоди сабз.
Барномаҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои миллӣ, ки имкони муаррифии фарҳанг ва анъанаҳои кишварҳои иштирокчиро фароҳам меоранд. Сафарҳои шиносоӣ ба донишгоҳҳо, марказҳои инноватсионӣ ва корхонаҳои саноатӣ.
Ин гуна чорабиниҳо барои густариши ҷаҳонбинии ҷавонон, таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳои узви ШОС ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои илму фарҳанг аҳаммияти хос доранд.








