НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ …»

305

Имрӯз (15.03.2023) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур натиҷагирӣ шуд.

Зимнан гуфта шуд, ки тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 5-ум то 25-уми феврали соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид, ки дар он 1446 нафар иштирок намуданд ва 178 нафари онҳо аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ба даври умумидонишгоҳӣ, яъне даври якуми озмун роҳ ёфтанд.

Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ гузаронида шуд. Дар натиҷа аз шумораи умумии иштирокчиён дар тамоми номиннатсияҳо 50 нафар устодону кормандон ва донишҷӯён аз рӯйи сину соли гуногун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Муваффақият ба дастаи ДМТ!