Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Яке аз мусобиқаҳои варзишӣ ин гӯштини миллӣ буд, ки сардовари мусобиқаи мазкур корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ С.Собиров буд. Доварони мусобиқа А.Бухориев, Ҳ. Тағоев, С.Бобоев, Д.Холиқов буданд, ки дар он донишҷӯён аз рӯйи вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазни 60,65,70,75 кг:Ғанизода Ғанӣ – донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал;Кароматулло Муҳсинов – донишҷӯйи курси 4-уми факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи дуюм;Фирдавс Олимов – донишҷӯйи курси 2-юми факултети геология ва Сомӣ Воҳидов – донишҷӯйи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи сеюм.
Дар вазнҳои 80,85,90+90кг:Саймумин Охиров – донишҷӯйи курси 4-уми факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи аввал;Мирзоализода Мансур – донишҷӯйи курси 2-юми факултети тиббӣ сазовори ҷойи дуюм; Шайбулло Холиҷонов – донишҷӯйи курси 3-юми факултети таърих ва Фирдавс Абдиев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ соҳиби ҷойи сеюм.
Мусобиқаи дигар ин бандкашӣ буд, ки дар он Ш.Ҳабибов- мураббии шоистаи тарбияи ҷисмонӣ сардовар интихоб шуда, устодон Б.Шарипов, Н.Раҳмонов, Ш.Сафаров ба ҳайси довар фаъолият намуданд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи факултетҳои зерини донишгоҳ ғолиб баромаданд. Дастаи факултети тиббӣ;Дастаи факултети фалсафа;Дастаи факултети геология.
Дар мусобиқаи саққобардорӣ сардовари мусобиқа Ю.Сафаров буд ва устодони кафедра С.Муминов, И.Герасимова, Н.Мирзоева ва Иззатуллоев Н. ба ҳайси довар фаъолият намуданд. Дар мусобиқаи саққобардорӣ донишҷӯёни зерин ғолиб омаданд. Ҷойи аввал: Ғафурзода Насимҷон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети физика;Ҷойи дуюм: Мустафо Сулаймонов – донишҷӯёи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик; Ҷойи сеюм: Раҷабзода Амирхон – донишҷӯйи курси 3-юми факултети фалсафа. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.Дар ин бора ба мо мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ Бухориев А.З. иттилоъ дод. Ёдрас мешавем, ки донишгоҳ санаи 19.03.2022 чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Шаҳраки донишҷӯён бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуд.