НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ БОЯД БЕШТАР ДАР ИСТЕҲСОЛОТ БОШАД…

404

Имрӯз (30.06.2022) дар вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети химияи донишгоҳ масъалаҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар фаъолияти факултет тадбирҳои муҳим, аз ҷумла таъсиси ихтисосҳои нав ё гурӯҳҳои алоҳида таълимашон бо забони англисӣ, таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ бо забони русӣ, кушодани Шӯрои диссертатсионӣ дар назди вазорати маорифи ФР, бастани шартномаҳо бо сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ дар самти илм ва таҷрибаомӯзӣ андешида шавад.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои интизоми меҳнат, дарсшиконии устодон, назорати ҷиддии раванди имтиҳонҳо, таҷлили назар намудани нақшаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои методӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ва ҷонок намудани самтҳои мухталифи илму тарбия ва равобити байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дар сатҳи факултет нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, дар мӯҳлати муайян мушкилиҳо бартараф гарданд ва ба инобат гирифта шавад, ки натиҷаи фаъолиятҳо бештар дар истеҳсолот қарор гиранд.