НАВРӮЗ ДАР ДМТ

872

Имрӯз (19.03.2021) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳи меҳмонону роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо, ки дар даромадгоҳи факултети тиббӣ ороста шуда буд, боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас дар толори калони донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд. Ибтидо ректори донишгоҳ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Давлатманд Холов, Хайриддини Шариф, Нишонаи Рустам, Зулайхо Мамадшоева ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони “Ғарибшо” иштирок намуда, бо барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ҳусни дигар зам намуданд. Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ