НАВРӮЗ – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ НИЁГОН

984

Табрикоти ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромиқадр!

Наврӯз дар пиндор ва тасаввури мо на як ҷашни мардумӣ, балки чун як ҷашни бостонист, ки фазои миллии моро дар тамоми солҳо ва садаҳо таъмин намуда, имрӯз муаррифгари фарҳанги ниёгон гаштааст. Ҷашни Наврӯз аз қадим дар сарзамини қавмҳои форсу тоҷик таҷлил мешуд ва он рамзи ҳастии миллати тамаддунофари мо мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи фархундапай самимона табрик мегӯям.

Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд. Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад».

Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамеша аз Наврӯз истиқбол кардаву мекунад. Имсол тадобири андешидаи мо дар самти ҷашнгирии Наврӯз фарогири чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ мебошанд ва имрӯз донишгоҳ ҷашни Наврӯзи худро бар асоси суннатҳо ва фарҳанги наврӯзӣ доир менамояд.

Ҷашн гирифтани Наврӯз на фақат ба хотири он аст, ки мо оғози соли навро ид мекунем, инчунин, бо ин амал рӯҳи гузаштагонамонро низ шод мегардонем. Дар фарҳанг ва расму оиндории мову Шумо азизу мукаррам доштани қадри якдигар аз арзишҳои волои миллӣ мебошад. 

Устодону донишҷӯёни азиз!

Умедворам, ки мо ҳамон хотири таърихии худро то дергоҳ ҳифз мекунем. Садоқати худро ба Наврӯз, ба арзишҳои миллии хеш ҳамеша устувор нигоҳ медорем.

Бигзор Наврӯз барои ҳар яки Шумо саодату иқбол ва раҳмати Худовандиро армуғони баҳорӣ оварад.

Наврӯз фархунда бод!