НАВРӮЗ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ

24

Имрӯз, 19-уми март, бо чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз ташкил шуда, бо иштироки устодон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳа доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт, ки дар он нақши Наврӯз ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамбастагӣ ва худогоҳии миллӣ таъкид гардид.

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва ҷаҳонишавии он нақши муассир гузоштаанд. Бо талошҳои Пешвои миллат Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд. Имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, ба унсури муҳимми худшиносӣ, ваҳдат ва фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ анъанаҳои аслии Наврӯз эҳё шуда, ба насли нав ҳамчун рамзи тамаддун ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш муҳаққиқон доир ба таъриху фарҳанги Наврӯз, аҳамияти он дар ташаккули худшиносии миллӣ ва нақши ин ҷашн дар таҳкими арзишҳои миллӣ маърӯзаҳо ироа намуданд. Маърӯзаи дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих Асоев Сабзалӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз”, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Ваҳҳобзода Рустам оид ба мавзуи “Наврӯз – ҷашни навсозӣ ва паймони башар”, дотсенти кафедраи ботаника ва дендрологияи факултети биология Кароматуллои Қурбоналӣ оид ба мавзуи “Наврӯз – ҷашни озодагон ва паёми сабзи рӯзгорон” ва номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа Амондуллоев Бегмурод дар мавзуи “Наврӯз – унсури муҳимми фарҳанги тоҷикон” аз ҷумлаи онҳост.