НАВРӮЗ – РАМЗИ ВАҲДАТУ ХУДШИНОСӢ

10

Имрӯз (17.03.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳа ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Зикр шуд, ки Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва ҷаҳонишавии он нақши муассир гузоштаанд. Бо талошҳои Пешвои миллат Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд. Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад. Имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, ба унсури муҳимми худшиносӣ, ваҳдат ва фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳамоиш муҳаққиқон доир ба таъриху фарҳанги Наврӯз, аҳамияти он дар ташаккули худшиносии миллӣ ва нақши ин ҷашн дар таҳкими арзишҳои миллӣ маърӯзаҳо ироа намуданд. Маърӯзаи доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҷиддин Ғуломов дар мавзуи “Таърихи таҷлили Наврӯз ва раванди ҷаҳонишавии он”, доктори илмҳои биология, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳ Раҳимов Сафарбек оид ба мавзуи “Ҷашни Наврӯз аз нуктаи назари биология”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи усули таълими забон ва адабиёти факултети филология Сурайё Ҳайдарзода оид ба мавзуи “Наврӯз – сарчашмаи худшиносии миллӣ” аз ҷумлаи онҳост.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва суннатҳои миллӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин раванд Наврӯз метавонад ҳамчун омили муҳимми ҳамгироии фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа ва миллатҳо хизмат намояд.