НАЗОРАТИ БЕШТАРИ ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТҲО

247

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо кормандону устодони факултетҳои таърих, журналистика ва муносибатҳои байналхалқӣ самтҳои гуногуни фаъолияти сохторҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Ҳайати устодону кормандони факултетҳои мазкур барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши калидӣ доранд ва рушд намудани илму таълим аз онҳо вобасдагии зиёд дорад. Назорати давомоти донишҷӯён, фаъолияти сарпарастони факултетҳо, самти ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми сохторҳои факултетҳо, ҳамзамон, фаъолияти магистрантон ва таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ бояд аз пештара бештар назорат гардаду қисман таҷдиди назар шаванд” –гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Дар идомаи ҷаласа ректори донишгоҳ дар самти бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки масъулин бояд ба масъалаҳои мазкур хубтар муносибат намуда, дар самти омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд.

Дар интиҳо зумрае аз устодони факултетҳои болозикр роҷеъ ба беҳтар гардидани самтҳои гуногуни фаъолияти факултетҳо суханронӣ намуданд.