Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), дар асоси барномаи “JICA-Chair” дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти табодули омӯзгорон нишасти илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Авзалов А.Х., Чоршанбиев С. ва як қатор омӯзгорону профессорони факултети иқтисод ва идора иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон профессори Донишгоҳи Кансайи Ҷопон Куроками Ҳаруо, роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю, ҳамоҳангсози барнома Хуршеда Гулмирзоева ва дигар намояндагони ниҳодҳои ҳамкор ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ профессор Куроками Ҳаруо бо маърӯза дар мавзуи «Табдилдиҳии рақамӣ дар таҳсилоти олии Ҷопон: таърих, таъсири пандемия ва манзараи пас аз COVID-19» баромад намуд. Лексия дар шакли интерактивӣ ва пурмуҳтаво баргузор гардида, дар он ҷанбаҳои гуногуни рақамикунонии раванди таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни маърӯза таъкид гардид, ки Ҷопон раванди рақамикунонии низоми таҳсилоти олии худро ҳанӯз аз солҳои 1990 оғоз намуда, айни замон дар марҳилаи баланди рушд ва истифодаи васеи унсурҳои рақамӣ қарор дорад. Истифодаи фаъоли инфрасохтори рақамӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – ба як падидаи маъмул табдил ёфтааст, ки онро метавон ҳамчун як ҷузъи фарҳанги рақамикунонии Ҷопон арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки рушди рақамикунонии таҳсилот дар Ҷопон ба дастовардҳои назаррас, аз ҷумла ташаккули фазои ягонаи таҳсилотӣ, дастрас гардидани таҳсилот барои қишрҳои гуногуни ҷомеа ва фароҳам омадани имкониятҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, муҳаққиқ ба хулоса омад, ки дар шароити рушди босуръати ҷаҳонии таҳсил имкониятҳо ва захираҳои истифоданашудаи рақамикунонии таҳсилот ҳанӯз зиёданд. Бо дарназардошти рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар соҳаи таҳсилот амри зарурӣ маҳсуб меёбад.
Дар анҷом омӯзгорон ва донишҷӯён саволу ҷавоб намуда, атрофи масъалаҳои ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таҳсил ва татбиқи ҳамаҷонибаи рақамикунонӣ дар низомҳои идоракунии таҳсил (Learning Management Systems) табодули афкор намуданд.
















