НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДМТ

819

Имрӯз (28.01.2019) дар толори Шӯрои олимони бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Нахуст ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. роҷеъ ба фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ (2018) мухтасар сухан карда, зикр намуд, ки соли 2018 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ соли бобарору хотирмон ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ соли дастовардҳо дониста мешавад. «Ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар таҷлили санаҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳаётан муҳим фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимию методӣ ва илмию тарбиявии ҷумҳурӣ саҳми намоён гузоштаанд» – афзуд Имомзода М.С.

Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ Имомзода М.С. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки «моҳи октябри соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъомади идона ва ҳамоишҳои илмӣ доир гардид».

Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таҳсил, баргузории ҳамоишҳои илмию амалӣ дар давоми соли 2019, имкониятҳои таҳсил дар зинаи докторантура ва магистратура, шарту шароити шӯроҳои диссертатсионии дар назди донишгоҳ амалкунанда, инчунин, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар суолу ҷавоб сурат гирифт.    

А. Тураев