НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ОЗМУНИ МАҚОЛАИ БЕҲТАРИНИ НАВРӮЗӢ МИЁНИ РӮЗНОМАНИГОРОН

182

Имрӯз (31.01.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 40 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз намояндаи сомонаи «PRESSА.tj» Усмон Раҳимзода ҷоизаи «Ректори сол», ки тариқи сомонаи мазкур дар соли гузашта озмун эълон гардида буд, ба ғолиби озмун, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х супорид.

Баъдан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «Соли 2021 барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар ин сол ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мардуми шарафмандамонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва руҳу илҳоми тоза ҷашн гирифта, дар таҷлили ин санаи пуршараф ва ҳаётан муҳим ширкати фаъолона намуданд”.

Дар идомаи суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба низоми таҳсилоти кредитӣ, стипендия, ба хобгоҳ таъмин намудани устодону кормандон, такмили ихтисосҳои журналистӣ, ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ (Эрон ва Афғонистон), инчунин, ҳимояи рисолаҳои илмӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар охир ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. таъкид дошт, ки саҳми рӯзноманигорон дар муаррифӣ ва инъикоси идҳои таърихӣ, инчунин, инъикоси дастовардҳои фарҳангӣ назаррас мебошад. “Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи талаботи Дастури тавсиявӣ барои ҷашнгирии идҳои таърихии миллии тоҷикон Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки бо розигии Президенти кишвар аз 24-уми ноябри соли 2021 таҳия шудааст, пешниҳод менамоям, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ миёни рӯзноманигорон озмуни “Мақолаи беҳтарин дар робита ба ҷашни Наврӯз” гузаронида шавад ва ғолибон аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллӣ қадрдонӣ гарданд”.