НИШАСТИ СУДМАНД

668

Бо ташаббуси бахши тарбияи донишгоҳ ҷиҳати татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» вохӯрии донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаҳои варзишу тандурустӣ гузаронида шуд.

Дар нишаст меҳмонон роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни стратегиҳои мазкур ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, инчунин, саҳми гузоштани ҷавонон-донишҷӯён дар татбиқи бандҳои дахлдори  стратегияҳо ва қонунҳои миллӣ суханронӣ намуданд.