Имрӯз (05.05.2022) бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз ёфт.
Бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни устодону кормандони донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» доир гардид. Зимни ифтитоҳи мусобиқа Ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони сохторҳои донишгоҳ мебошад. Мавсуф аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат оид ба варзиш ёдовар шуда, иброз намуданд, ки «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».
Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои факултетҳо ҳамарӯза дар майдончаи варзишии донишгоҳ баргузор мегардад.
Ҳамзамон, ба ин муносибат бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ миёни донишҷӯён мусобиқаҳои варзишии валейбол ва тениси рӯйи мизӣ гузаронида мешавад. Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. иштирок намуда, дар сатҳи баланд доир гардидани мусобиқаҳои мазкур суханронӣ намуданд.