
Соли панҷум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» зери сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 январи соли 2025, таҳти №АП-710) дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.

Зимни кушодашавии озмун муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оид ба аҳаммияти илмӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ кард. Қайд гардид, ки роҳандозӣ шудани озмуни мазкур аксар истеъдодҳои ҷавонро дар самти илмҳои табиатшиносӣ муаррифӣ мекунад ва барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур Донишгоҳи миллӣ тамоми шароити зарурро муҳайё намуда, довталабон метавонанд аз озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳ ба таври васе истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2021 инҷониб, яъне 5 сол аст, ки баргузор гардида истодааст. То соли ҷорӣ Озмун аз рӯйи 7 номинатсия, имсол бошад аз рӯйи ҳашт номинатсия гузаронида мешавад:
1. математика (арифметика, алгебра, геометрия);
2. физика ва астрономия;
3. химия;
4. биология (ботаника, зоология, анатомия);
5. география;
6. технологияи иттилоотӣ;
7. зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;
8. ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо бо иштироки 562 нафар устоду корманд, донишҷӯёну магистрантон ва докторантон баргузор гашт, ки аз ин шумора 112 нафари онҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳиявию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.