Ҷоиза муборак, устодони азиз!

1412

 Имрӯз (28.08.2020) дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Хизмати шоиста”, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.

 Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳову ҷоизаҳои давлатӣ аз Донишгоҳи милии Тоҷикистон муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонзода Ҷамила Мирзо, мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти рус, профессор Ҳоҷиматова Гулчеҳра Масаидовна ва устоди факултети журналистика Гулов Сангин Нурович бо медали “Хизмати шоиста”, инчунин, Файзуллозода Эркин Фатҳулло – декани факултети химия, Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва Наврӯззода Ганҷина Фурқат – мудири кафедраи технология ва биотехнологияи фарматсевтии факултети фарматсевтӣ бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” сарфароз гардиданд.

Дар нимаи дуюми рӯз ҷаласаи вазеъи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар устодони донишгоҳро самимона табрик гуфта, ҳамзамон, ба устодони донишгоҳ: Моҳира Эргашова – мудири кафедраи омори факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, Рустам Ғаниев – ёвари ректори донишгоҳ, Давлаталӣ Муҳсинов – мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идора, Суҳбат Муминов – муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва Кароматулло Исмонов – директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷуми донишгоҳ нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» супориданд.

Дар идомаи ҷаласа роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ гузоришҳо баррасӣ гардиданд.