ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ “АNDIJAN OPEN”

64

Рузҳои 17 то 21- уми апрели соли равон дар Вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон якумин Чемпионати кушоди байналмилалии “АNDIJAN OPEN ” оид ба “Таэквондо” баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа Фозилов Асланбек – донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббии ДМТ дар вазни 74 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид ва беҳтарин варзишгари мусобиқа дониста шуда, бо “Шаҳодатнома”, медали тилло ва ҷоми мусобиқа қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони Федератсияи Таеквандои Тоҷикисон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда соҳиби 7-медали тилло,5-медали нуқра ва 11-медали биринҷӣ гардиданд.