ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

347

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯйи курси 3-юми факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Маҳбуба Маҳмудоваро барои дастоварди илмию таълимияш табрик намуд.

Маҳбуба Маҳмудова дар Озмуни байналмилалии илмии донишҷӯён, ки дар шакли маҷозӣ бо ташаббуси Донишгоҳи муҳандисию омӯзгории Крим ба номи Февзи Яқубов баргузор гардид, таҳти роҳбарии муаллима Шарипова Хадича иштирок намуда, соҳиби дипломи дараҷаи аввал шуд. Мавзӯи пешниҳоднамудаи донишҷӯ «Международная инновационная деятельность в условиях глобализации мировой экономики: проблемы, тенденции, перспективы» буд, ки аз ҷониби комиссияи озмун баҳои баландро сазовор шуд.