Дастаи футболбозони Донишгоҳи миллӣ дар аввалин бозӣ бо дастаи футболи Бонки миллӣ дар мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд, барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», бо ҳисоби 9:3 ғалаба ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву ҷамъиятҳо то 5 август идома хоҳад кард.

