ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДМТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

644

Аз 13 ноябр то ҳафтаи якуми моҳи январи соли ҷорӣ Олимпиадаи байналмилалии «Глобус» миёни мактаббачагон баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 42 нафар хонанда аз рӯйи фанҳои гуногун ширкат варзида, 15 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

 ҶОЙИ ЯКУМ – 3 НАФАР;

Нурова Марям – хонандаи синфи 8, аз фанни забони русӣ;

 Миров Юсуф – хонандаи синфи 7, аз фанни адабиёти рус;

Бобоев Довуд – хонандаи синфи 11, аз фанни география.

ҶОЙИ ДУЮМ – 5 НАФАР;

Маҷидов Саддам – хонандаи синфи 11, аз фанни химия;

Раҳимова Ануша – хонандаи синфи 8, аз фанни забони русӣ; Иброҳимзода Ҷаъфар – хонандаи синфи 8, аз фанни математика; Раҷабова Дилноза – хонандаи синфи 11, аз фани химия;

Миров Маъсуд – хонандаи синфи 7, аз фанни забони англисӣ.

 ҶОЙИ СЕЮМ – 7 НАФАР;

Маҳинабонуи Шарифзода – хонандаи синфи 10, аз фанни забони русӣ;

Раҳимов Умед – хонандаи синфи 6, аз фанни география;

Бурлаков Далер – хонандаи синфи 8, аз фанни математика;

Кабирова Фараҳноз – хонандаи синфи 7, аз фанни адабиёти рус;

Абдуллоева Сарвиноз – хонандаи синфи 7, аз фанни адабиёти рус;

Юсупов Ҷонибек – хонандаи синфи 9, аз фанни биология;

Болтаев Наврӯз – хонандаи синфи 8, аз фанни биология.

 Ёдовар мешавем, ки имрӯз ғолибон бо Диплом сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, маъмурияти литсей ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби кумитаи таторукот барои иштироки фаъол қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора ба мо муовини директори Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ Алишер Миралиев иттилоъ доданд.

Дастовард муборак!