ҒОЛИБИЯТИ МАГИСТРАНТОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

145

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар соҳаи илму истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас шарафёб гашта истодааст. Ин аст, ки донишҷӯёну олимон ва дигар қишри ҷомеа пайваста дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар хориҷи кишвар иштирок ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ менамоянд. Далели гуфтаҳо он аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, узви вобастаи АМИТ Насриддинзода Э.С. 2 нафар магистранти курси якуми факултети химия Мираҳимов Азизбек ва Машрабов Шукрулло дар 3-юмин олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Туркманистон иштирок намуданд.

Ҷиҳати амалинамоии Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ (барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), устодону донишҷӯёни факултети химияи ДМТ бо дастгирии раёсати Донишгоҳ пайваста чораҳои амалӣ андешида, дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз санаи 25-уми ноябр то 29 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махдумкулӣ Олимпиадаи байналмилалии аз фанни химия баргузор гардид.

Тибқи гузориши Донишгоҳи мазкур, дар олимпиада беш аз 220 иштирокчӣ аз 13 давлати ҷаҳон: Тоҷикистон, Русия, Амрико, Эрон, Чин, Япония, Австрия, Испания, Италия, Малайзия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Маҷористон ва ғайра ширкат доранд. Аз худи Ҷумҳурии Туркманистон донишҷӯёни 21 Донишгоҳ, ки дар онҳо фанни химия аз рӯйи ихтисос ва ё ғайриихтисос меомӯзанд, иштирок менамоянд.

Олимпиада дар категорияҳои «А» ва «В» гузаронида шуд, ки аз рӯйи дараҷаи мураккабии масъалаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии коршиносон дар ҳайати ҳакамон таҳия шудаанд, фарқ мекунад. Дар рӯзи кушодашавии олимпиада дар баробари ректори Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махдимкулӣ, раиси доварони олимпиада, директори Маркази технологияи Академияи илмҳои Туркманистон, аъзои ҳайати доварон аз Руссия, ҳамзамон магистранти факултети химияи ДМТ Мираҳимов Азизбек низ сухан намуд.

Аз факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 2 нафар магистрант: Мираҳимов Азизбек ва Машрабов Шукрулло аз рӯйи категорияи «А»-тахассусӣ иштирок намуданд, ки баъди натиҷагирӣ Мираҳимов Азизбек сазовори ҷойи сеюм ва Машрабов Шукрулло сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.