ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮИ ДМТ

348

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар доираи «Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт» Мусобиқаи шаҳрӣ таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» оид ба намуди варзиши сабук дар намуди ҷаҳидан баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Муминов Фаррух – донишҷӯйи курси 3-юми факултети биологияи Донишгоҳи миллӣ дар мусобиқаи мазкур ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал, дипломи дараҷаи як ва медали тилло гардид.

Муваффақият муборак!