ҒОЛИБИЯТИ ОМӮЗГОРИ ДМТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

72

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. устоди Донишгоҳ Холов Шералӣ Ибодуллоевичро барои ғолиб омаданашон дар озмуни байналмилалии илмӣ самимона табрик намуд.

Омӯзгори Донишгоҳ, муовини декани факултети таърих оид ба тарбия Холов Шералӣ Ибодуллоевич дар Озмуни байналмилалии тадқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ-омӯзгорӣ, ки таҳти унвони “Муҳаққиқи ҷавон” аз ҷониби Маркази байналмилалии тадқиқотии “Нури бепоён дар илм” (Endless Lighc in Science)-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, бо Дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагӣ сазовор дониста шуд.