ҒОЛИБИЯТИ ВАРЗИШГАРОНИ ДОНИШГОҲ

224

Аз санаи 12 сентябр то имрӯз (14.09.2023) Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҳендбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи варзишгарони Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, дастаи духтарон сазовори ҷойи 2- юм ва дастаи писарон сазовори ҷойи 3 -юм гардиданд.

Дар ин бора мураббии даста, муалими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ, кормади шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Собиров Сунатулло иттилоъ дод.

Ғолибият муборак!