ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»

1483

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияҳои хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ, хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон ва эҷоди назму наср иштирок намуда, бо соҳиб гардидани 13 ҷой (1 ҷойи 1-ум, 4 ҷойи 2-юм, 6 ҷойи 3-юм ва 2 нафар бо Ифтихорнома ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ) сазовори ҷойи аввал гардид.

ҶОЙИ 1-УМ:

Бобомуродова Дилноза Абдуғаниевна – донишҷӯи курси 4-уми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон.

ҶОЙИ 2-ЮМ:

 Мадалиева Шоира Қудратовна – донишҷӯйи курси 2-юми факултети журналистика аз рӯйи номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик;

Боқиев Муродбек Матлабоевич – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора;

Давлатзода Шоираи Кароматулло – донишҷӯйи курси 1-уми факултети таърих аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ;

 Рустамзода Шукрона – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокуррории факултети ҳуқуқшиносӣ.

ҶОЙИ 3-ЮМ:

Достзода Нозанин Савриддин – донишҷӯйи курси 3-юми факултети журналистика аз рӯйи номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик;

Маҳмудзода Исрофил Мирзоалӣ – донишҷӯйи курси 1-уми факултети геология аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ;

Бурхонова Шаҳзодахон Сӯҳробшеховна – донишҷӯйи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ;

Ҳафиззода Насиба Хуршед – донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон;

Расулова Шукрона Маҷидовна – лаборанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика;

Ҳалимова Сафаргул Шарифовна – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология.

ИФТИХОРНОМА ВА РОҲХАТ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 Рустамова Омина Илҳомҷоновна – донишҷӯйи курси 1-уми факултети журналистика;

Раҳманов Бахтиёр Шарифхоҷаевич – сармутахассиси шуъбаи тарбия.