ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

622

Дирӯз (26.10.2021) дар шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд. Дар маросим ғолибони озмун бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуда, бо соҳиб гардидани 15 ҷой (3 ҷойи 1-ум, 5 ҷойи 2-юм ва 7 ҷойи 3-юм) сазовори ҷойи аввал гардид.

Имрӯз (27.10.2021) зимни мулоқот ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. ғолибони дастаро табрик намуда, дар самти хуб омода гаштан дар даври ҷумҳуриявӣ тавсеаҳои судманд дод. Таъкид дошт, ки иштирок дар озмун боиси ифтихор буда, бори аввал дар доираи амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» чунин озмун дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад. Роҳбарияти донишгоҳ омодааст ғолибони озмунро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.