ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ – ВАТАНДӮСТӢ МУАЙЯН ШУДАНД

189

Имрӯз (28.09.2023) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 75-солагии фаъолияти ДМТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалӣ байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, зикр намуд, ки ҳамарӯза дар донишгоҳ чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, илмӣ, маърифатӣ, иттилоотӣ, тарғиботӣ, варзишӣ, фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки дар ташаккули тарбияи ватанпарастии ҷавонон саҳми беназир мегузоранд.

Чорабинии имрӯза, ки бо иштироки бевоситаи донишҷӯён роҳандозӣ карда мешавад, барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, омодагии мудофиавии шаҳрвандон, баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо, маҳорати варзишӣ ва ҳувияти миллии донишҷӯён нақши муҳим дорад.

Зимнан таъкид гардид, ки Давлату Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавон, хусусан ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии онҳо, устувории мафкураи миллии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ояндаи рушдёбандаи кишварро ба онҳо вобаста донистааст. Бо ин назардошт, ҷавононро мебояд, ки бо ҳисси баланди масъулият фаъолият намуда, дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати Ҳукумати мамлакат саҳми арзишманди худро гузоранд.

Сипас намояндаи Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда зикр кард, ки тарбияи ҳарбии ватанпарастии ҷавонон як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир назаррас аст.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳро доир менамояд.

Тибқи низомномаи баргузории мусобиқаи навбатӣ донишҷӯёни факултетҳо ба дастаҳо таксим шуда, сабқат намуданд.

Дар охир маълум шуд, ки дар мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дастаи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети физика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон бо диплом, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар самти чолоку ҷасур ва хушёру зирак намудани насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.