ҒОЛИБОНИ ОЗМУН КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННАВАТСИОНӢ МУАЙЯН ШУД…

260

Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни, донишҷӯён, унвонҷӯён, доктарантон ва ҳайати устодону профессорон, инчунин, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳ ОЗМУН КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННАВАТСИОНӢ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозор ва афзун намудани потенсиали ДМТ, инчунин, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Бояд гуфи, ки ба озмун кор аз рӯи самтҳо ва равияҳои зерин қабул карда мешавад: лоиҳаҳои амалӣ дар заминаи техналогияи муосир; модернизатсияи (навсозии) ашё ва маҳсулоти муқаррарӣ; лоиҳаҳои амалӣ дар сарулибоси миллӣ, ороишот ва ашёи маишӣ; технологияи иттилоотиву иртиботӣ.

Дирӯз комиссияи озмунӣ бо иштироки устодону мутахассисони соҳа доир гардид ва ғолибони озмун муайян шуданд.

Ғолибони озмун миёни устодону кормандон

1.Фаридун Пулотов – номзади илмҳои биология, устоди факултети биология бо лоиҳаи «Разработк технологии изготовления поливалентной вакцины против клостридиозов животных» сазовори ҷойи #аввал;

2.Шонаврӯз Самихов – доктори илмҳои техникӣ, мудири кафедраи кимиёи пайвастҳои калонмолекулавӣ ва технологияи кимиёи факултети химия бо лоиҳаи «Технологияи коркарди маъдани фосфордори кони риват» соҳиби ҷойи #дуюм;

3.Муқаддас Қурбонова – докторанти факултети химия бо лоиҳаи «Истифодаи усули лоиҳаҳо дар таълими фанни химия» сазовори ҷойи #сеюм.

Ғолибони озмун миёни донишҷӯён

1.Муродмаҳмад Ҳоҷиев – донишҷӯйи ихтисоси информатикаи факултети механикаю математика бо лоиҳаи «Таҳияи масъалаҳои физикӣ тариқи замимаи мобилӣ ва компютерӣ» соҳиби ҷойи #аввал;

2.Муҳаммад Ҳакимҷонов – донишҷӯйи курси 1-уми факултети механикаю математика бо лоиҳаи «Компьютерное моделирование практикум задач повышенной сложности» сазовори ҷойи #дуюм;

3.Азиза Ғаниева – донишҷӯйи факултети механикаю математика бо лоиҳаи «3D моделирования и 3D визуализация» соҳиби ҷойи #сеюм.

Ёдрас мешавем, ки ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд.