ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲИИ “ИХТИРОЪКОРОНИ ОЯНДАСОЗ”

104

Имрӯз, дар толори Ҳусейнзодаи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибону фаъолони Озмуни умумидонишгоҳии “Ихтироъкорони ояндасоз” баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия д.и.х., профессор – Сафармамадзода С.М., сардори раёсати инноватсия Раҷабов Т.С., директори Парки технологӣ – Муродзода У.У., ғолибону ҷоизадорони озмун, аъзои ҳакамон ва намояндагони факултетҳо ширкат варзиданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия – Сафармамадзода С.М. суханронӣ намуда, ғолибони озмунро бо ин дастоварди бузург табрик намуданд. Дар идома қайд карда шуд, ки иштирокчиёну ғолибони озмунро месазад, то бо дастоварди мазкур маҳдуд нашуда, пайи илму дониш бештар талош варзида, сазовори натиҷаҳои баландтар гарданд.

Сипас, ғолибону иштирокчиён фаъол, аъзои ҳакамон, садорати факултетҳо бо ифтихорномаву сипоснома ва мукофотпулиҳои қадрдонӣ гардиданд.

Хотирнишон менамоем, ки озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дар асоси қарори дахлдори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2024 аз рӯи 5 номинатсия ташкилу баргузор гардид.