ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДМТ – ИШТИРОКЧИИ ФАЪОЛ

494

Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ бештар мушоҳида мешавад. Махсусан ин раванд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хусусан факултети механикаю математикаи донишгоҳ хуб ба чашм мерасад. Роҳбарияти донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Масалан, дар заминаи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар донишгоҳ тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, барои сафарбар намудани донишҷӯёни хушсалиқа ба олимпиадаҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро роҳандозӣ намудааст. Ин аст, ки чанде пеш дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус 12-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика доир гардид ва бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар он донишҷӯёни донишгоҳ: Ҳикматулло Исматов – магистрант (Соҳиби ҷойи 2-юм, диплом ва медали нуқра), Малик Ситамов – донишҷӯйи курси 4 (Диплом) ва Раҳимзода Чеҳрон – донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика (Шаҳодатнома) иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни олимпиадаи мазкур дар самти мустаҳкам намудани донишҳои илмӣ-амалӣ ва пайваста иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тавсеаҳои судманд дода, зикр намуданд, ки роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён-ҷавонони лаёқатманду илмдӯстро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.  

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус чунин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика доир мегардад. Тибқи таҳлилҳои Раёсати илм донишҷӯёни донишгоҳ иштирокчии фаъоли олимпиадаи мазкур мебошанд. Аввалин маротиба донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2013 дар оимпиадаи мазкур иштирок намуданд. Дар ин сол донишҷӯйи факултети механикаву математика Олимҷони П. миёни 50 нафар иштирокчӣ: донишҷӯён, аспирантон ва магистрон аз 24 донишгоҳ ва аз 6 давлат сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Дар соли 2014 дар олимпиадаи мазкур Олимҷони П. миёни 52 нафар иштирокчӣ: донишҷӯён, аспирантон ва магистрон аз 25 донишгоҳ ва аз 6 давлат сазовори ҷойи 1-ум ва метали тилло гардид. Соли 2015 донишҷӯён Олимҷони П. (ҷойи аввал) ва Р.Каримов (ҷойи 2-юм) миёни 49 нафар иштирокчӣ: донишҷӯён, аспирантон ва магистрон аз 24 донишгоҳ (7 давлат) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Дар соли 2016 бошад донишҷӯ Р.Каримов миёни 39 нафар иштирокчӣ аз 17 донишгоҳ (5 давлат) сазовори ҷойи 3-юм, соли 2017 донишҷӯ С.Бобоев миёни 46 нафар иштирокчӣ аз 21 донишгоҳ (7 давлат) сазовори ҷойи 3-юм,  соли 2018 донишҷӯён С.Бобоев ва Ф. Исматов сазовори ҷойи 2, инчунин, Ш.Ҳусейнов бо Диплом миёни 46 нафар иштирокчӣ аз 20 донишгоҳ (7 давлат), соли 2019 донишҷӯён Ш.Ҳисайнов сазовори ҷойи 3-юм, Ф.Исматов бо Диплом миёни 52 нафар иштирокчӣ аз 23 донишгоҳ (5 давлат), соли 2020 донишҷӯ Ш.Ҳусайнов  бо Диплом миёни 52 нафар иштирокчӣ аз 25 донишгоҳ (4 давлат) ғолиб гардиданд.

Дар робитаба ин дастовардҳо сардори раёсати илми донишгоҳ Р.Наботӣ иттилоъ дод, ки: «дар робита ба ҷалби донишҷӯёни лаёқатманд ба олимпиадаҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳим андешида шудааст ва ғолибон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд. Имрӯз талоши мо дар самти ғолибияти донишҷӯёни илмдӯст дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ равона шудааст, ки дар ин самт дастовардҳои нав рӯйи кор меоянд».

Ёдовар мешавем, ки дар олимпиадаи мазкур дар солҳои зикршуда донишҷӯёни донишгоҳ сазовори 2 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм ва 4 Дипломи ифтихорӣ гаштаанд.