ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮИ ДМТ

300

 Имрӯз омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Чанде қабл дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, шиносоӣ бо асосҳои мурофиаи интихоботи демократӣ ва сайқал додани дониши мутахассисони соҳа зери унвони «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон» интернет-олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок доштанд. Дар марҳилаи якум, ки аз санаи 15 август то 30 сентябри соли равон тариқи саволу ҷавоб (тестӣ) баргузор гардид, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Хуршедзода Шахиня миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Марҳилаи дуюми озмун санаи 26 ноябр ба тарзи онлайн тариқи саволу ҷавоб ва сабти наворҳо сурат гирифт. Натиҷаи ин марҳила дар шакли видеоконференсия санаи 9 декабри соли ҷорӣ эълон гардид. Дар номинатсияи “Беҳтарин ҷавоб” миёни донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии давлатҳои аъзои АБП ИДМ Хуршедзода Шахиня ғолиби ҷой аввал гардид.

Хуршедзода Шахиня – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ барои ғолиб омадан дар олимпиадаи байналмилалӣ табрик намуда, барояш саломатӣ ва дастовардҳои нав ба навро хоҳонем.