ОМӮЗГОРОН – ПУШТИБОНИ АСОЛАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

394

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон – Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлили ин ҷашн имсол ба 3-юми октябр рост омад. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукӯҳ таҷлил мегардад. Ҳамзамон, санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки дар робита ба ин санаи таърихӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад.

Ба ин муносибат санаи 03.10.2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба иди касбии омӯзгор ва рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Омӯзгорон – пуштибони асолати забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти омӯзгор доим таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд, зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ маҳз аз омӯзгор ва хазинаи маънавии ӯ сарчашма мегирад. Бешубҳа касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмату сангин аст. Рисолати омӯзгор тарбияи инсони комил мебошад. Аз ин рӯ, дар ниҳоди шогирд тарбия намудани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор, устод ва мураббӣ аст.

Ҳамзамон, дар идома ректори донишгоҳ доир ба гиромидошти забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем.

Инчунин, дар чонабинии мазкур профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи донишгоҳ Дилмурод Ҳомидов дар мавзӯи «Соҳибистиқлолӣ ва забони давлатӣ» суханронӣ намуда, зикр дошт, ки забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онро бояд барои омӯзиши илму дониш, суханварию хушгуфторӣ, тарғиби ахлоқи нек, коргузории расмӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ва берун аз он истифода намуд. Зеро забони модарии мо симо ва пайкари миллати мост. Имрӯз бояд ҳар шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон барои тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саъю кӯшиш намояд. Зимнан гуфта шуд, ки дар робита ба ин идҳои таърихӣ наздик ба 50 нафар устодону кормандон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар охир ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангиро манзури тамошобинон намуданд.