ОМӮЗИШ ВА ОГОҲИИ БЕШТАР АЗ КОРНОМАИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

180

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни баррасии ҳисоботи соолона (2023) фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳро талил намуд. Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар радифи Осорхонаи Пешвои миллат аз ҷумлаи сохторҳои таркибии донишгоҳ мебошад, ки тайи соли сипаригашта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Зимнан ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки санаи 21-уми декабри соли 2022 бо ибтикори раёсати Донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар радифи Осорхонаи Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши таҷрибаи мактаби давладтории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст, ки фаъолияти худро дар доираи нақшаи солонаи тасдиқнамудаи ректори Донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Дар як соли фаъолият Марказ худро тавонист муаррифӣ намуда, ба натиҷаи назарас ноил гардад. Дар пояи Марказ маҳфили илмӣ таҳти унвони«Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ташкил шуд, ки он дар ҳошияи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва осори ба таъриху тамаддун бахшидаи Пешвои миллат ҳафтае як маротиба бо ҷалби раёсати донишгоҳ ва иштирокчиёни Озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Ҳамчунин, дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат 5 Конфронси илмӣ-назарявӣ бо фарогири масъалаҳои мубрами мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор гардид.

Дар ин радиф ба хотири омӯзиши амиқу дақиқи осори ба таърих бахшидаи Пешвои миллат дар заминаи марказ Озмуни донишгоҳии «Нақши китоби«Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат дар рушди тафаккури миллӣ» дар ду давр миёни донишҷӯёну магистрон ва омӯзгорону кормандон баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ Шоҳҷоиза насиби донишҷӯи курси4-уми факултети таърих Давлатзода Шоира гардид.

Самти дигари фаъолияти марказро таҳияи китобу мақолаҳои фарогир аз паҳлуҳои мухталифи мактаби давлатдории Пешвои миллат ташкил медиҳад. Дар ин доира китоби «Пешвои миллат ва рушди давлатдории миллӣ» дар ду қисм омода карда шуд, ки қисми аввали он аллакай чоп гардид. Муаллифони қисмиаввали китоб аксаран ходимони давлативу ҷамъиятии кишвар буда, масъалаҳои мубрами давладории миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Он нақши беназири Пешвои миллатро дар рушди давлатдории миллӣ инъикос менамояд. Муаллифони қисми дуюми китоб бошад, аксаран устодони варзидаи донишгоҳ ва берун аз он мебошанд, ки дар омӯзишу инъикоси мактаби давлатдории Пешвои миллат нақши худро гузоштаанд.

Дар заминаи ин дастур дода шуд, ки аз 01.02.2024 бо мақсади омӯзиш ва огоҳии бештар аз корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ фанни алоҳида таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар самтҳои гуногун” ба роҳ монда шуда, аз ҷониби омӯзгорони пуртаҷриба дарс дода шавад. Гуфта шуд, ки ташкили чунин фан талаботи замон буда, дар самти ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва таҳкими худшиносии миллии ҷавонон заминаи мусоид мегузорад.