Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети таърих доир гардид.
Ректори донишгоҳ ба мутасаддиёни факултет дар самти пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбия ва равобити байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, омода намудани мутахассисони соҳа, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажӯҳиши илмӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятиро яке аз самтҳои муҳими факултет номиданд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар факултет масъалаҳои мубрами илми таърих дарс дода мешавад ва баҳри омода намудани мутахассисон аз усулҳои нави таълим кор бояд гирифту ба низоми таълим курс ва ё ихтисоси алоҳида дар самти омӯзиши корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид намуд.
Гуфта шуд, ки ташкили чунин курсҳо талаботи замон буда, дар самти ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таҳкими худшиносии миллии ҷавонон заминаи мусоид мегузорад.