ОМЎЗИШИ МАСЪАЛАҲО ДАР САМТИ ИМКОНИЯТҲОИ ЗЕҲНӢ

490

Имрӯз (16.11.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ, механикаю математика ва физикаи донишгоҳ доир гардид.

Вохӯрӣ дар доираи барномаи стипендиалӣ бо дастгирии аввалин лобороторияи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – zypl.ai ва барномаи рушди СММ баҳри таёркунии кадрҳои баландихтисос бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти раёсати таълим баргузор гардид. Дар кори он раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ, котиби раиси Шӯрои зеҳни сунъӣ Абдураҳмон Юлдошев ва менеҷери ЮНДП, барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Эшонова Шаҳзода иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба беҳтар гардонидани ҷараёни илмомӯзӣ ва васеъ гардонидани имкониятҳои зеҳнӣ тавсеаҳои мушаххас доданд.

Тавре мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ.Т. Абдуллоев иттилоъ дод, мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, омӯзиши таҷриба, ташкили курси зеҳнӣ сунъӣ ва рушди технологияи информатсионӣ, инчунин, такмил додани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошад.