(Аз ҳисоботи ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х.)
Имрӯз (03.01.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид, ки дар он ду масъала: омӯзиши нуктаҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи ректори донишгоҳ оид ба бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (2023) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Содиқзода Хурсанд ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар оғоз профессор Хушвахтзода Қ.Х., меҳмононро хайрамақдам намуда, доир ба рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуд. Сипас, н.и.с., дотсент, декани факултети фалсафа Сафарализода Х.Қ. оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат сухан намуда, аз бунёдкориҳо ва пешрафти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, инчунин, нақши маориф дар рушди давлатдории миллӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва забономӯзии насли ҷавонон ёдовар шуд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолият мавриди таҳлил қарор гирифта шудааст. Вазифаи аҳли илму маорифи кишвар дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Паём баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар ва боз ҳам беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём- ин, пеш аз ҳама, соҳаи иҷтимоӣ буд ва бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд. Ин сабаб шудааст, ки имрӯз сатҳи дониш ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, барои насли наврас шароити хуб муҳайё гардад.
Президенти кишвар ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд: «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Зимнан зикр гардид, ки таъкидҳои Паём танҳо рамзиву шиорӣ нестанд ва ба таври ҷузъиву мушаххас нишон додану таъкид гаштани масъалаҳои алоҳида далели он аст, ки ин нақшаҳо хеле зуд амалӣ хоҳанд гашт. Масъалаи илму маориф ба марҳилаи нав ворид гашта истодааст ва ин пойдевори қавии ҷомеаи пешрафтаву намунаи мо барои наслҳои оянда хоҳад шуд.